Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз 8 -умин ҷашнвораи байналмиаллалии "Театрҳои ҷавони Русия" ба Ватан баргашт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг хабар доданд, театри мазкур дар фестивали байналмиллалӣ, ки аз 21 то 30 - юми октябри соли равон дар Омски Русия сурат пазируфт, ширкат кард. Аз ҷониби ҳунармандони театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи "Рустам ва Суҳроб" ба маърази тамошои сокинон ва меҳмонони минтақа гузошта шуд. Намоишномаи мазкур аз тарафи мунаққидони театр баҳои баландтаринро соҳиб гардидааст.
Манбаъ афзуд, губернатори вилояти Омск Л. Полежаев, барои иштироки фаъолона дар чорабинии мазкур ба театри ҷавонони Тоҷикистон диплому сипоснома ва ҷойизаи вижае эъто кардааст.{jathumbnail off}