Фавти табиби тоҷикистонӣ аз шамолхӯрӣ: 2-юм дар 20 рӯзи охир
Табибони Русия аз даргузашти зодаи дуюми Тоҷикистон бар асари шамолхӯрию зуком хабар доданд.
Дар пайи даргузашти Соҳиба Мустафоқулова, зани 36-солаи тоҷик аз “зукоми хук” дар шуъбаи эҳёгарии бемористони рақами 31-уми шаҳри Маскав, ки 21 январ рух дод, имрӯз, 12 феврал табибони Русия аз даргузашти зодаи дуюми Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои мақомоти тандурустии шаҳри Липетск Сергей Фурсов, зодаи 43-солаи шаҳри Душанбе бар асари шамолхӯрии шуш ҷон додаст: “Феълан маълум нест, ки Фурсов мубталои бемории “зукоми хук” будааст ё ягон вируси дигар боиси маргаш шудааст. Инро ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ маълум хоҳад кард”.
Мақомоти тандурустии Липетск мегӯянд, Фурсов соли 1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, аз соли 1997 дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи рақами 4-“Липетск-Мед” кор мекардааст.