ВИДЕО: Аз чор гӯшаи Душанбе (бидуни шарҳ)
Имсол мардум барфро ёд карданд, хоса сокинони Душанбе. Соли камбарфе буд. Ниҳоят ҳафтае пеш баъди гармиҳои чандрӯза барф рехт. Аз осмон барф рехт, аммо аз роҳи одамрави воқеъ дар назди Боғи кӯдакон об баромад. Рӯи роҳ рафтани об дар Душанбе барои сокинону меҳмонон дар фаслҳои дигар гапи нав нест, аммо ахиран дар зимистон ҳам шоҳиди ин ҳол шудем. Ҳамин об сабаб шуд, то сабтҳои дар гузашта аз минтақаҳои гуногуни пойтахти азизамон бардоштаро дар як навор гирд биёварем. Ҳоло Шумо низ онро тамошо кунед ва андешаи худро бинависед.