баргард чоп кардан

Ҳусейн Насимов: Дар Индонезия омӯзгор ниёз ба пули ҳаром надорад (ВИДЕО)

Ҳусейн Насимов донишҷӯйи тоҷик, ки бо тақдими гул ва ғизо ба мардуми муҳтоҷи Индонезия дар ҷомеа шӯре барангехт, ахиран навореро бо номи “Tajikistan Exists‬” (Тоҷикистон вуҷуд дорад) интишор кард.

Ҳусейн Насимови 20-сола донишҷӯи Telесom University-и Индонезия мебошад. Ӯ ҳамроҳ бо ҳамсабақонаш дар иқдоме ба оворагардону талбандаҳо гул ва ғизо тақдим кард. Навори ин иқдом дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле гарм пазируфта шуд ва садҳо нафар дар саросари олам аз вай тавсиф карданд. Рӯзи гузашта, Ҳусейн навори дигареро дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук нашр кард, ки “Тоҷикистон вуҷуд дорад” унвон дорад ва ба қавли ин донишҷӯи тоҷик ҳадафаш ин аст, ки дунё аз Тоҷикистон шинохти комилу дурусте дошта бошад. Ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” нахуст дар бораи иқдоми аввалиаш гуфт.

Ҳусейн Насимов:
Ҳамеша некхоҳи мардумон бош,
Ба неки кӯш в-он гаҳ дар амон бош.

Мо бо ин амаламон мехоҳем, тамошобинҳои худро ба кори хайре даъват кунем, то бидонанд ин амал метавонад бисёрии инсонҳоро шод бигардонад. Мақсади ман ҳамин ҳаст. Бояд дар зиндагӣ бо ёрии ночизе дасти якдигар ва инсонҳоро бигирем.

Озодагон: Ба назари Шумо Тоҷикистон то чӣ андоза дар берун аз кишвар шинохта шудааст ва ҳамсабақонатон, ки аз ҳар кишвари дунё ҳастанд, дар бори Тоҷикистон чӣ медонанд ва чӣ назар доранд?

Ҳусейн Насимов: Тоҷикистон сарзамини мо ҳаст ва ман ҳамучун як шаҳрванди ин сарзамин ифтихор мекунам, ки давлати мо соҳибистиқлол аст ва ваҳдату оромӣ ҳукумфармост. Дар Индонезия Тоҷикистон ва мардуми азизи моро ҳамчун миллати соҳибтамаддун, соҳибмаърифат ва соҳибфарҳанги ҷаҳон мешиносанд.

Озодагон: Ҳамин гуна аксия ё иқдомҳое, ки Шумо мегузаронед ва дар Интернет пахш мекунед дар Индонезия маъмуланд?

Ҳусейн Насимов: Бале, дар ин ҷо наворҳои тарбиявию ахлоқӣ маъмуланд. Ва агар шахсе, ки аз дигар кишвар омадааст, чунин корҳои хайрро анҷом бидиҳад, бо самимияти хос мепазирандаш.



Озодагон: Дар навори пешинатон, Шумо ба мардуми Индонезия гулу ғизо тақдим мекунед. Он ҷо мардуми нодор зиёданд?

Ҳусейн Насимов: Индонезия аз ҷиҳати аҳолӣ дар ҷаҳони ҳоло ҷойи сеюмро ишғол мекунад, аммо аз ҷиҳати иқтисодӣ бисёр қавӣ аст. Аслан дар ҳама ҷо мардуми нодор ҳастанд, вале теъдоди онҳо дар ин кишвар камтар аст. Гузашта аз ин, зиёрат кардан ва ҳадя додан, ин ду калиди зарринест, ки қулфи қалбҳоро мекушояд. Бубинед, ҳарчанд он ғизои тақдимкардаи мо ночиз ҳам буд, вале дили чандин нафарро ба зандагӣ гармтар кард. Онҳо хеле муассир мешуданд ва ашки чашмонашон ҷорӣ мегардид. Ин кор ба хушбахтии онҳо таъсири ҷиддӣ мерасонд. Хушбахт нафарест, ки ҳамеша аз саргузашти дигарон панд мегирад.

Озодагон: Ба назари Шумо агар ҳамин гуна иқдомҳо дар Тоҷикистон гузаронида шаванд, чӣ таъсире мерасонанд?

Ҳусейн Насимов: Агар мо ин тарҳҳоро дар Тоҷикистон низ идома бидиҳем ва агар дигарон баргузор кунанд, бисёр кори хуб мешавад. Хоса, як кори тарбиявие барои ҷавонон ва насли оянда мешавад. Итминон дорам, ки мардуми Тоҷикстони азизи ман чунин иқдомҳоро хуб мепазиранд.



Озодагон: Шумо чӣ гуна ба Индонезия рафтед?

Ҳусейн Насимов: Тавассути Интернет. Тариқи онлайн ба донишгоҳи ин давлат – Telесom University шомил шудам. Дар инҷо бо дӯстони нав ошно шудам. Аз миёни халқу миллатҳои гуногун ҳамсабақҳо дорам.

Озодагон: Баъди таҳсил чӣ ният доред? Омада дар Тоҷикистон кор мекунед ё барои худ дар хориҷ кор меҷӯед?

Ҳусейн Насимов: Турсунзодаи бузург гуфта буд:
Ҳусейн Насимов: Дар Индонезия омӯзгор ниёз ба пули ҳаром надорад (ВИДЕО)Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.

Ҳарчанд мо дур бошем, қалбҳои мо ҳамеша дар Ватан ҳаст. Ҳар лаҳзаи дур будан аз ҳалқаи волидайн, ёру рафиқон барои мо бисёр гарон мебошад ва боду ҳавои Ватани азизро бисёр пазмон шудаам. Баъд аз хатми донишгоҳ тамоми талошро мекунам, ки фаъолияти минбаъдаи худро дар Ватани азизам давом бидиҳам.

Озодагон: Ҳоло шумо дар ихтисоси ба истилоҳ телекоммуникатсия таҳсил мекунед. Ба назари Шумо Тоҷикистон аз лиҳозӣ телекоммуникатсионӣ чӣ пешрафте дорад? Шояд ягон раддабандиеро медонед, ки кишвари мо дар миёни кишварҳои дигар дар ҷойи чандум бошад?

Ҳусейн Насимов: Тоҷикистони мо дар ҳоли ҳозир аз ҷиҳати телекомуникатсионӣ кишвари рӯ ба рушд аст ва умедворам, ки дар ояндаи бисёр наздик ҳатман ба натиҷаҳои баланд мерасад. Ҳамон вақт мо ба раддабандиҳои ҷаҳонӣ шомил мешавем, ки бояд зиёда аз 50 дарсади ашёе, ки дар соҳаи телекомуникатсия истифода мебарем, маҳсули ватанӣ бошад. Аз ин хотир мо аз ҷиҳати телекомуникатсионӣ кишвари рӯ ба рушд ҳастем.

Озодагон: Дар донишгоҳи Шумо ва ё дар мактабҳои олии Индонезия муаллимон барои имтиҳону рейтингҳо пул мегиранд, яъне, пора медиҳед?

Ҳусейн Насимов: Низоми таҳсил ва дарсии мо кредитӣ аст. Дар Индонезия тамоман мушоҳида намешавад, ки омӯзгор пора бигирад. Медонед дар ин кишвар барои ин чиз замина нест, зеро инҷо омӯзгор ниёз ба пули ҳаром надорад.

Озодагон: Ба назари Шумо Индонезия чӣ чизҳое, дорад, ки Тоҷикистон бояд аз ин кишвар биомӯзад?

Ҳусейн Насимов: Индонезия давлате ҳаст, ки аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон ҷойи 16-ро ишғол мекунад. Дар Индонезия зиёда аз 83%-и ММД ватанӣ ҳаст ва танҳо 17% аз берун. Мо, тоҷиконе, ки дар ин ҷо таҳсил мекунем мехоҳем, ки як намоядаи давлати худро инҷо барои пешрафти муносибатҳои минбаъдаи ду кишвар дошта бошем. Индонезия ҷанбаҳои бисёр омӯзандае барои Тоҷикистон дорад.

Озодагон: Умедворем, корҳои хайру дурусти Шумо дар кишвар ҳам тарафдор пайдо мекунанд ва барои ислоҳи нуқсҳои ҷомеаи мо сабаб мешаванд. Ва дар таҳсилу кору зиндагиятон барор таманно мекунем.

Ҳусейн Насимов: Ташаккур!

Суҳбати Иршод СУЛАЙМОНӢ