Президенти Қирғизистон ба Душанбе меояд
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Парвиз Давлатзода, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 18 феврал дар мулоқот бо Мирослав Ниёзов, сафири Қирғизистон дар Душанбе омодагиҳо ба сафари Отамбоевро баррасӣ кардааст.
Ба иттилои Вазорати умури хориҷӣ, зимни ин мулоқот доираи васеи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Яке аз масоили мубрам миёни Тоҷикистону Қирғизистон номуайянии марзҳо мебошад ва интизор меравад, ки яке аз мавзӯҳои меҳварӣ дар мулоқоти сарони ду кишвар хоҳад буд.
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон охири соли 2015 изҳор дошт, ки аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, мушаххасозии марзҳо тезонида шавад ва ин масъала дар ду соли наздик пурра ҳал гардад.
Баҳси марзӣ дар ҳолест, ки парчами Қирғизистон бар боми манзили ду сокини Овчӣ-Қалъаи Тоҷикистон, ки 6 феврал насб карда шуд, боиси норозигии ҷониби Тоҷикистон гардида буд. .Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дар робита ба насби парчами Қирғизистон рӯи боми як сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мақомоти Қирғизистон ёддошти эътирозӣ ё нота фиристода, муҷозоти омилони ин қазияро талаб карда буд.