баргард чоп кардан

Иқтидори солонаи «Қувватулло» ба 2 миллион баробар хоҳад шуд

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ташаббуси ширкати «Қувватулло» сохтмони як корхонаи хурди хиштбарорӣ бо зарфияти солонаи 2 миллион дона идома дорад.


Тавре аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, бунёди хумдон қариб ба итмом расида, то охири моҳи ноябр ба пухтани хишти хом, ки зиёда аз 200 ҳазор донаро ташкил медиҳад, оғоз менамоянд. Корхонаи мазкур дар заминаи майдони хирмангоҳи хусусии соҳибмулк сохта шуда, 14 нафар бо кор таъмин шудаанд.

Ҳамчунин бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ идома ёфта истодааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Мастчо аз ҷониби ҶДММ «Суғд- семент» сохтмон ва васлу насби таҷҳизоти навбати аввали заводи истеҳсоли семент (бо иқтидори солонаи 100 ҳазор тонна семент) давом дорад.  Роҳбарияти корхона иқдом гирифтааст, ки дар давоми 5 сол марҳила ба марҳила иқтидори заводро дар як сол ба 1,0 миллион тонна семент расонад. Айни замон 70 % таҷҳизотҳо васлу насб карда шудаанд. Дар сохтмони корхона 67 нафар коргарон дар ду баст кор мекунанд. Дар назар дошта шудааст, ки  рӯзҳои наздик 20 нафар мутахассисони хитойӣ ба корхона омада,  корҳои озмоиширо анҷом ва коргарони маҳаллиро хоҳанд омӯзанд.{jathumbnail off}