Ҳалокати пиёдагард зери чархи “Опел”
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як марди 44-сола зери чархи “Опел-Астра” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи сабукрави “Опел-Астра”, марди 55-солаи сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти ноҳияи Вахш бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, “марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳияро, ки аз канори роҳ мегузашт, пахш намудааст”.
ВУД мегӯяд, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.