баргард чоп кардан

Намоишномаи «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» дар театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов

Рӯзи  5 ноябр бо ташабуси вазорати фарҳанги Тоҷикистон  "Рӯзи театри тоҷик" таҷлил мегардад. Ин чорабинӣ дар театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов сурат хоҳад гирифт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, дар  ин ҷашн собиқадорон ва ҳунармандони театрҳо бо мукофотҳо кадрдонӣ мегарданд.

Манбаъ афзуд, дар интиҳо намоиши спектакли "Поёни шаби сиёҳ сафед аст" - дар иҷрои Ҳотами Равшан, Назирмат Мусоев, Муъмин Шарипов ва ҷамъе аз ҳунармандони ҷавони театри мазкур ба намоиш гузошта мешавад. Намоиш баргузида аз рӯи асарҳои Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём ва дигар бузургон буда, дар шакли сароидани назм ва ҳуввияти миллӣ ба саҳна гузошта шудааст. Маврид ба зикр аст, ки намоиши мазкур заҳмати Мирзоватан Миров ва Ҳотами Равшан  мебошад.{jathumbnail off}