Пажуҳиш: Суръати интернет дар Тоҷикистон аз пасттаринҳост
Ширкати «SecDev Corp»-и Канада кишварҳои ҷаҳонро аз рӯи суръати интернет раддабандӣ карда, Тоҷикистонро дар қатори ақибмондатаринҳо қарор додааст.
Тибқи ин раддабандӣ дар Белорус интернет бо суръати 1 Гбит/сек дастрас мебошад ва ин кишвар дар қатори ИМА ва Шветсия ба сегонаи пешсафтаринҳо дохил шудааст. Дар мақоми 4-ум Канада қарор дорад, ки дар қаламрави он муштариён метавонанд ба интернет бо суръати 940 Мбит/сек дастрасӣ дошта бошанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, интернет дар аксари кишварҳои ҷаҳон суръати классикии 100 Мбит/сек –ро дорад, ки тариқи технологияҳои Ethernet ва xPON таъмин мегардад.
Дар Аврупо суръати нисбатан баланд дар Полша- 600 Мбит/сек, Литва ва Испания-300 Мбит/сек, Олмону Латвия – 400 Мбит/сек дастрас мебошад. Ба қатори кишварҳои ақибмондатарин, Арманистон – 40 Мбит/сек, Словения – 15 Мбит/сек, Тоҷикистон – 1 Мбит/сек ва Туркманистон бо интернети 0,5 Мбит/сек ворид шудаанд.