баргард чоп кардан

Сӯҳроб Шарипов номзад ба вакилӣ шуд, рӯзноманигори мустақил аз тасмимаш даст кашид

Сӯҳроб Шарипов, сиёсатшинос, ҳамзамон, директори Маркази Тадқиқоти Стратегии назди президент довталаби курсии вакилӣ ба палатаи поёнии парлумони кишвар шуд.


Зимни як тамоси телефонӣ бо хабаргузории «Озодагон» ҷаноби Шарипов ин иттилоро тасдиқ карда афзуд: «Ман дар ҳар куҷо ва дар ҳар симмате фаъолият накунам, мавқеъ, дидгоҳ ва принсипи хоси худро хоҳам дошт». Тибқи иттилои Абдуллохон Қаландаров, сарвари ҲХДТ дар  ноҳияи Шоҳмансмури пойтахт, аз номзадии Шарипов аксари вакилони конфроси доиргардидаи ҳизб ҷонибдорӣ кардаанд. Номбурда афзуд, ҳамин тавр, аз ҳавзаи якмандатии рақами 3-и Шоҳмансур дар интихоботи қарибулвуқӯъ номзад ба депутатӣ дар МН Суҳроб Шарипов хоҳад буд.

Ёдрас менамоем, Раҳматулло Зойиров, райиси ҲСДТ ҳафтаи гузашта баёнияе интишор карда, ба интихобкунандагон ва аҳзоби сиёсии мухолифи кишвар пешниҳод карда буд, ки аз ширкат дар интихоботи мазкур дар рӯзи 18-уми худдорӣ кунанд. Тибқи иттилои расида, ҳизби коммунист низ номзадии намояндаи худро ба курсии холимондаи парлумон пешбарӣ нахоҳад кард. То ин замон дар мавриди ширкат кардан ва ё накардани ҲНИТ дар интихобот иттилои дақиқ рӯйи даст нест.

Дар ҳамин ҳол, як журналисти мустақил, ки тасмим дошт дар интихоботи мазкур довталаб бошад ва ба ҳафтаномаи «Озодагон» низ дар ин бора сӯҳбат карда буд, иброз дошт, ки: «Вақте иттилоъ ёфтам, ки номзадии Сӯҳроб Шарипов ба вакилии парлумон пешниҳод шудааст, аз ширкат дар сабқат даст кашидам. Бигузор номам махфӣ монад, ба ҳар сурат ман аз Шарипов ҷонибдорӣ мекунам».

Бойиси тазаккур аст, ки интихоботи мазкур барои ишғоли курсии холимондаи МН сурат мегирад ва то рӯзҳои наздик Сафаралӣ Раҷабов вакили парлумон, ҳамзамон райиси Кумитаи МН буд. Марҳум пас аз бемории кӯтоҳ, ки сактаи қалб унвон шуд, рӯзи 5-уми октябр дар Душанбе аз олам даргузашт.{jathumbnail off}