Рашки “бомж”-и судшуда бо сӯиқасд ба ҷони рақиб анҷомид
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 38-сола бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони маъшуқи ҳамзисташ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ боздоштшуда, ки ҷои доимии зист надораду қаблан барои дуздӣ суд шудааст, дар сӯиқасд ба ҷони марди 47-сола дар шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен муттаҳам мешавад: “Муайян карда шуд, ки боздоштшуда тахминан соати 18:00-и 22 феврал дар хонаи истиқоматии муваққатӣ дар шаҳраки Нов, ҳамзисти 36-солаашро бо марди дигар, сокини 47-солаи ноҳияи Спитамен дида, бо корд ба ӯ ҳамла кардаст”.
Мақомоти милиса мегӯянд, муттаҳам бо корд якчанд бор ба аъзои бадани марди 47-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст: “Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”.
Манбаъ афзуд, ҳамзисти ин марди боздоштшуда, қаблан бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноӣ - нигаҳдошти фоҳишахонаҳою даллагӣ суд шудааст: “Феълан алайҳи марди 38-сола бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.