баргард чоп кардан

Дуня Миятович: Боздиди Тоҷикистонро бесаброна интизор будам

Намояндаи САҲА дар умури матбуот вориди Тоҷикистон гардид.


Дафтари душанбегии ин созмон ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки Дуня Миятович дар чорчӯби ин сафараш ба Тоҷикистон, бо намояндагони васоити ахбори умум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад. Ҳамчунин, дидору гуфтугӯҳои ӯ бо вакилони порлумон, масъулони вазорати умури хориҷӣ, вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон  низ дар назар аст. Гуфта мешавад, хонум Миятович борҳо барои дифоъ аз ҳуқуқи журналистони тоҷик, аз ҷумла Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори “Нури зиндагӣ” ва Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ садо баланд кардааст. Вай бо пахши чандин изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ин ду хабарнигори тоҷикро раҳо ва «сафед» кунанд.

Маврид ба ёдоварист, Дуня Миятович дар охирин мусоҳибааш гуфта буд, ки бесаброна рӯзи фарорасии боздидамро ба Тоҷикистон интизорам ва мехоҳам бо мақомоти масъули ин кишвар дар ростои озодии баён ва матбуот сӯҳбат кунам.{jathumbnail off}