баргард чоп кардан

Шоири тоҷик барандаи нишони тиллоии Абулқосиим Фирдавсӣ гардид

Муассисаи фарҳангии ЭКО нишони тиллоии Фирдавсиро ба Аъзам Хуҷаста, шоир ва таҳлилгари масоили сиёсӣ тақдим намуд.


Ин нишон ҳамроҳ бо акси Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ барои шахсиятҳо ва чеҳраҳои фарҳангии минтақа,ки дар тарвиҷи фарҳангу адаб ва халлоқиятҳои тоза саҳме доштаанд, эҳдо мешавад.

Гуфтанист, Аъзам Хуҷаста,то кунун 3 маҷмӯаи шеърӣ бо номҳои “Чашмаи шоир”,”Соярӯшан” ва “Чашмаи зулол”-ро дар Тоҷикистон ва Эрон мунташир намуда, имрӯз яке аз шоирони матраҳ дар ҳалқаҳои форсигӯи минтақа маҳсуб мегардад.

Қарор аст, муассисаи фарҳангии ЭКО маҷмӯаи баъдии ин шоири навоварро ҳимояти молӣ намояд.{jathumbnail off}