баргард чоп кардан

600 доллари пора падарро ҳамнишини фарзанд кард

Дар пайи  як амалиёти кормандони миллитсия дар ноҳияи Фирдавӣ пойтахт як сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо ҷурми додани пора ба  прокуратураи гарнизонии шаҳри  Душанбе дастгир гардид.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт муайян карда шуд, ки  шаҳрванд Юсупов Абриқул 43 сола, ноҳияи Шаҳритус, вилояти Хатлон, айни замон дар ягон ҷой кор намекунад, барои озод намудани писараш бо  прокуратураи гарнизонии шаҳри  Душанбе ба маблағи 600 доллари ИМА  пора медиҳад.

Гуфта мешавад, Анварҷон Юсупови 20- сола, сокини ҳамон ҷо, бо моддаҳои 373, 391 кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз тарафи прокуратураи гарнизонии шаҳри  Душанбе дастгир шуда буд. Феълан, нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}