(ВИДЕО) Андӣ таронаи “Теҳрон”-ро бо хоҳари Майкл Ҷексон бозхонӣ кардааст
Андӣ Мададиён, овозхони номовари форсизабон таронаи “Теҳрон”-ашро ҳамроҳ бо Ла Тойя Ҷексон, хоҳари Майкл Ҷексон, пуровозатарин сарояндаи ҷаҳон, иҷро кардааст.
Навори ин тарона 3 март дар саҳифаи расмии Андӣ дар Ютуб гузошта шуда, то замони нашри ин хабар онро 5 785 маротиба тамошо кардаанд.
Таронаи “Теҳрон” (Дорам мерам ба Теҳрон)-ро Андӣ соли 2006 иҷро карда буд ва он шомили албоми таронаҳош бо номи City Of Angels (шаҳри фариштаҳо) аст. Матни ин тарона аз Поксимо ва оҳангаш моли Манучеҳр Чашмозар мебошад.