Озмуни Кумитаи дин барои дарёфти роҳбаладони “Ҳаҷ-2016”
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2016” озмун эълон кардааст.
Афшини Муқим, як масъули ин ниҳод имрӯз, 4 март ба “Озодагон” гуфт, онҳое ба ҳайси роҳбалад баргузида мешаванд, ки аз маносики ҳаҷ огоҳии комил дошта, маҳорати хуби ташкилотчигӣ ва муошират бо ҳоҷиёнро доро бошанд: “Инчунин ҷисман обутобёфта бошанд, дар шароити душвор фаъолият намоянд ва забони арабӣ ё англисиро дар сатҳи муошират балад бошанд”.
Ба иттилои манбаъ, дар озмуни роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2016” нафарони то 60-сола метавонанд иштирок намоянд.
“Барои довталаби озмун шудан, ба номи раиси Кумита ариза навишта, нусхаи шиноснома, маълумотнома аз ҷойи истиқомат, маълумотномаи тиббӣ (шакли 086), 2 адад расми 3х4 ва варақаи шахсиро пешниҳод кардан зарур аст”,-афзуд ҷаноби Муқим ва илова кард, ки ҳуҷҷатҳо то 28 марти соли 2016 қабул мешаванд.