1,7 миллион сомонӣ - кӯмаки Убайдуллоев ба 2 461 зани роҳрӯби Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи модарон - 8 март ва омадани ҷашни Наврӯз занон- кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти Тоҷикистонро барои саҳмашон дар тозагии пойтахт бо 700 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонидааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, барои қадрдонии 2 ҳазору 461 зани роҳрӯб дар Душанбе, бо қарори Маҳмадсаид Убайдуллоев 1 миллиону 722 ҳазору 700 сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷудо карда мешавад
Манбеъ мегӯяд, Убайдуллоев муовинонашро муваззаф намудааст, ки то 5 марти соли равон дар расми тантанавӣ кӯмакпулиҳоро ба роҳрӯбони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои навоҳии шаҳр расонидаанд.