баргард чоп кардан

Суғд: Боздошти се нафар бо иттиҳоми муомилот бо доллари қалбакӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се нафар бо иттиҳоми таҳия ва муомилоти пулҳои тақаллубӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин ниҳод, ҳарсе аз дастгиршудаҳо сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 42, 27 ва 36 сол доранд. Манбаъ мегӯяд, “муайян гардид, ки онҳо санаи 05.03.с.2016 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи мазкур ба марди 43-солаи сокини вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба маблағи 9600-доллари амрикоии қалбакӣ, 30 тонна нуриҳои минералии “Карбамит” гирифтаанд”.

Вазорати умури дохилӣ меафзояд, мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи ташхисӣ 96 адад купюраҳои бо навиштаҷоти 100 доллари амрикоӣ, бе риоя кардани талаботи технологӣ тайёр шуда, қалбакӣ мебошанд: “Нисбати далели мазкур тафтишот идома дорад”.