баргард чоп кардан

Китобхонаи миллӣ барои нигаҳдории 10 миллион нусха китоб

Имрӯз таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ бо ширкати масъулини ҳукумат ва дастгоҳи иҷроияи райисҷумҳур баргузор гардид.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент масъалаи марбут ба омодагӣ ба таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар нишаст гузориши муовини нахуствазир Руқия Қурбонова оид ба рафти иҷрои корҳо барои ба анҷом расондани бунёди китобхона ва осорхонаи миллӣ шунида шуд.  
Тавре зикр гардид, китобхона ва осорхонаи  миллии Тоҷикистон бо назардошти беҳтарин унсурҳои меъмории бостонию муосир бо тарҳи вижа бунёд мегарданд. Маврид ба ёдоварист, хазинаи китобдории китобхонаи миллӣ барои нигаҳдории 10 миллион нусха китоб  пешбинӣ шудааст.