Э.Раҳмон узви “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” шудааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба узвияти “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” пазируфта шудааст.
Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, дар ин бора номаи Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони милали муттаҳид ва Ҷим Ёнг Ким, президенти Бонки ҷаҳониро дарёфт кардаанд. Ба иттилои манбаъ, қарори таъсиси панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои аъзои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмаи умумии СММ дар доираи 17 ҳадафи рушди устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола қабул гардида буд.
“Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланди 15 нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд”,-таъкид кардааст дафтари матбуоти раёсатҷумҳур.
Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Нидерландия, Маҷористон, Мексика, Сингапур, Австралия ва 7 нафари дигар узви “Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об” шудаанд.