Ваҳдат: Шиносоии зане, ки гӯшвори хонандаҳои мактабро рабуд (ВИДЕО)
Зане, ки гӯшвори хонандаҳои мактаби №1 ба номи Н.К.Крупскаяи шаҳри Ваҳдатро рабуда буд, шиносоӣ шудааст.
Раҳим Гурезов, падари Мусаббиҳа, хонандаи синфи яки мактаби мазкур мегӯяд, ин занро духтараш дар бозор шинохтааст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, он зан дар бозор чакка ва кабудӣ мефурӯхтааст: “Вақте духтарам гуфт, ки ҳамин зан аст, ман ба кормандони милиса хабар додам”.
Оқои Гурезов афзуд, зан ба гуноҳаш иқрор кард ва гӯшворҳои рабудаашро баргардонд: “Гуноҳашро бахшидем. Худованд бахшандаҳоро дӯст медорад. Ин зан бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда, зиндагии вазнин доштааст. Рафта дидам, дар шароити сангин рӯз мегузаронанд. Аз боздошт кардани ӯ мо ягон фоида намегирем”.
Як корманди Шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат низ дар суҳбат ба “Озодагон” шиносоӣ шудани ин занро тасдиқ кард.
Ҳодисаи дуздии гӯшвори хонандаҳои мактаби №1-и Ваҳдат рӯзи 24 феврали соли равон рух додааст. Ин зан Умеда, Бадахшон ва Мусаббиҳа, хонандагони синфи якро ба як кӯчаи шаҳр бурда, бо роҳи фиреб гӯшворҳояшонро гирифтааст. Бадахшон рӯзи якуми март ба "Озодагон" гуфт, вақте аз мактаб берун шуда, сӯи хонаашон мерафтанд, зане наздашон омада гуфт, агар ҳамроҳаш бираванд, барояшон ширинӣ мехарад: “Гуфтам, ки ба мо қанд лозим нест. Аз модарам метарсам ва ҳамроҳи шумо намеравам. Аз дастам гирифта назди бинои нимсохт бурд. Аз ҷайби духтараш нохунгиракро бароварда, аввал гӯшвори маро баъд аз Умедаро гирифт”.
Ин хонандаи мактаб меафзояд, баъди ин онҳоро назди беморхона гузошта, ғайб зад. Умеда, гуфт, он зан барояшон донаи офтобпараст ва пуфак тақдим кард: “Ба мо гуфт, ба атроф нигоҳ кунед, ки касе наояд”.
Мусаббиҳа мегӯяд, он зан гуфтааст, падарашро мешиносад: “Номи падарамро пурсид. Вақте номашро гуфтам, гуфт ки падаратро мешиносам. Вақте гӯшворҳои моро гирифт, гуфт, ҳоло меояму ба шумо яксомонӣ медиҳам, аммо дигар наомад”.
СУҲБАТИ ИН ХОНАНДАҲОИ МАКТАБ ВА МУАЛЛИМАИ ОНҲОРО ДАР ИН НАВОР ТАМОШО КУНЕД