Вазорат: Корманди комисариат аз модари даъватшаванда 3000 сомонӣ гирифтааст
Як корманди 35-солаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иттиҳоми гирифтани пора барои аз хизмати ҳарбӣ озод кардани сокини ин ноҳия дастгир шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, боздошти ин сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 13 март сурат гирифтааст: “Гумонбаршуда барои надодани даъватнома ва минбаъд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод намудани ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки айни ҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дорад, тавассути посбони комиссариат, марди 35-сола, аз модари даъватшаванда зани 50-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов 3000 сомонӣ ҳамчун пора гирифтааст”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.