36 480 сомонӣ ҷарима барои харидуфурӯши мошин бо $
Додгоҳи ноҳияи Ҳисор, шаҳрванд Акрамов.И.-ро дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 36 ҳазору 480 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, қарори додгоҳ нисбати Акрамов аввали моҳи равон содир шуда, феълан ҳукми қонунӣ гирифт: “Акрамов дар нақзи модаи 286, қисми 3 банди «в»-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста шуд, ки асъори хориҷиро ҳамчун воситаи пардохт зимни харидуфурӯши мошин истифода кардааст”.