баргард чоп кардан

Таҷлили «Рӯзи театри тоҷик» дар театри Маҳмудҷон Воҳидов

Фардо, 5-уми ноябр дар театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов «Рӯзи театри тоҷик» таҷлил мегардад.


Тибқи иттилои вазорати фарҳанг, дар ин чорабинӣ  роҳбарони театрҳои драмавӣ, мусиқӣ-мазҳакавӣ, таҳиягарон, ҳунармандон ва  кормандони фарҳанг иштирок мекунанд. Дар қисмати расмии чорабинӣ маросими эътои ҷойиза ва тӯҳфаҳои хотиравӣ доир мешавад, ки зимни он вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ ба зиёда аз 100 нафар ҳунарманд ва корманди театрҳои ҷумҳурӣ нишони «Аълочии фарҳанги ҶТ», ифтихорнома  ва мукофоти пулӣ месупорад.

Маврид ба ёдоварист, бахшида бахшида ба рӯзи театр барои нахустин бор намоишномаи вижаи «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» ба маърази тамошо гузошта мешавад, ки дар таҳияи ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров рӯйи кор омадааст. Нақшҳои асосии намоишномаро ҳунармандон -Ҳотами Равшан, Ниёзмат Мӯсоев, Абдумӯъмин Шарифов иҷро мекунанд.{jathumbnail off}