Мавсими муҳоҷират: Нархи чипта се баробар боло рафт
Нархи чиптаи ҳавопаймо дар хатсайрҳои Тоҷикистон-Русия ба маротиб боло рафтааст.
Фурӯшандаҳои чиптаҳои ҳавопаймо имрӯз, 24 март дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, ки нархи чиптаи ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе-Маскав барои рӯзҳои наздик аз 2600 то 2 900 сомониро ташкил медиҳад. Мусоҳибони “Озодагон” афзуданд, ки нархи чипта барои моҳи апрел арзонтар аст: “Агар чиптаро барои рӯзҳои 4-5 апрел харидорӣ кунед, 2037 сомонӣ нарх дорад”.
Ин дар ҳолест, ки моҳи қабл нархи чиптаи ҳавопаймо дар самти Душанбе-Маскав ҳудуди 1000 сомониро ташкил медод.
Муҳоҷирати меҳнатӣ манбаи даромади аксари мардум дар Тоҷикистон буда, ҳамасола ҳудуди 1 миллион нафар барои дарёфти қути лоямут ба Русия муҳоҷир мешаванд.