7 голи беҷавоби Австралия ба дарвозаи яккачини Тоҷикистон
Дидори тимҳои миллии Тоҷикистону Австралия бо ҳисоби 7:0 поён ёфт.
Ин дидор дар доираи даври нуҳуми марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 соати 14:00 ба вақти Тоҷикистон дар варзишгоҳи "Аделаида Овал" баргузор шуд.
Бозиро довари ФИФА -- Фаҳд Ҷобир Ал-Маррии 30-сола аз Қатар доварӣ кард.
Дидори қаблии мунтахаби футболи Тоҷикистон ва тими миллии Австралия дар чорчуби сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 рӯзи 8 сентябри соли 2015 дар дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳисоби 0:3 анҷом ёфта буд.
Тоҷикистон дар бозиҳои даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 ҳамроҳ бо Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш шомили гуруҳи "В" мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври даҳум сешанбеи 29 март дар шаҳри Душанбе бо тими миллии Қирғизистон қувва меозмояд.