Боздошти як марди 36-сола бо иттиҳоми куштори пешхизмати ошхона
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 36-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иттиҳоми куштори зани 26-сола хабар медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, ҷасади зан бо аломатҳои марги маҷбурӣ тахминан соатҳои 09:30-и рӯзи 22 март аз дохили канали обгузари ҳудуди деҳаи Коминтерни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пайдо шудааст. Манбаъ мегӯяд, дасту пойҳои ҷасад бо ресмон баста буд: “Муаян шуд, ки ӯ дар яке аз ошхонаҳо пешхизмат шуда кор мекардааст”.
Вазорати умури дохилӣ меафзояд, барои ошкор намудани ҷинояти куштор бо супориши вазир Рамазон Раҳимзода гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис шуд: “Рӯзи 24 март кормандони РВКД дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратура ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур марди 36-солаи сокини ҳамин ноҳияро дастгир намуданд”.
Ба иттилои манбаъ, дар робита парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.