Мусодираи себу анор ва ноки мусофири тоҷикистонӣ дар Тюмен
Дар фурудгоҳи “Рошино”-и вилояти Тюмен меваҳои аз Тоҷикистон овардаи як мусофир мусодира шудааст.
Расонаҳои русӣ мегӯянд, ин меваҳо аз себу анор ва нок иборат буда, ҳудуди 8 кило вазн доштааст ва аз сӯи кормандони Раёсати минтақавии Росселхознадзор гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ, меваҳоро як мусофири хатсайри ҳавоии Хуҷанди Тоҷикистон бидуни сертификати фитосанитарӣ бо худ овардааст: “Бо ин қонуни “Карантини растаниҳо”-ро нақҳз кардааст”.
Расонаҳо мегӯянд, меваҳо дар печи фурудгоҳи “Рошино” нобуд шуда, мусофири хатсайрро ҷарима бастаанд.