Ҷилавгирӣ аз 178 000 сигарети ESSE дар Панҷи-Поён
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, аз як далели интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамоку ҷилавгирӣ кардааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, 23 марти соли равон дар минтақаи назорати гумрукии Панҷи-Поён аз дохили боркаши “ДАФ”-и ронанда Давлатманд Гулов 890 қуттӣ тамоку ошкор шудааст. Манбаъ мегӯяд, ронанда дар бордони мошинаш пинҳонгоҳи махсус сохта, зери халтаҳои шакар дар маҷмӯъ 178 000 дона сигарети тамғаи ESSE-и истеҳсоли давлати Кореяро ҷойгир намудааст: “Ҳангоми пурсиш ронанда Давлатманд Гулов иқрор шуд, ки ӯ ин миқдор маводи тамокуро аз Давлати Исломии Афғонистон дастрас намуда бо мақсади тиҷорат ва дарёфи даромади муфт тариқи сарҳади гумрукӣ ғайриқонунӣ интиқол додааст”.