Ҳалокати ҷавонзан зери чархи “Тойота”-и донишҷӯй дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи ноуҳдабароии ронандаи 22-сола дар шаҳри Душанбе садамаи нақлиётии маргбор рух додааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод рӯзи 27 март, ронандаи 22-солаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Прадо”, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Н.Қарабоев, дар рӯ ба рӯи бинои “Хоҷагии Коммуналӣ” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, зани 24-солаи сокини пойтахтро зер намудааст: “Дар натиҷа пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.