Пешгӯии борон, раъду барқ ва туман дар Тоҷикистон
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон давоми 5 рӯзи оянда дар кишвар ҳавои абрнок, боронӣ ва туману раъду барқро пешгӯӣ мекунад.
Тибқи иттилои ин ниҳод рӯзона 28-уми март дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат дар назар аст: “Бегоҳ ва шабона борони шадид дар назар мебошад”.
Обуҳавошиносон рӯзҳои 29 ва 30-юми март низ ҳавои камабр ва борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ мекунанд: “Рӯзҳои 31-уми март ва 1-уми апрел ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, эҳтимол раъду барқ ва тумани ғафс ба вуҷуд ояд”.