баргард чоп кардан

Оташсӯзӣ: Се тоҷикистонӣ ва як шаҳрванди Ӯзбакистон ба ҳалокат расиданд

Дар пайи як сӯхтор дар наздикии шаҳри Маскав боз се ҳамватани мо ҷони худро аз даст додаанд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ доданд, Исоҷон Мӯсоев ва Олимҷон Раҳматов, сокинони ҷамоати ба номи Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент ва истиқоматкунандаи шаҳраки Ҳисор Муродҷон Раҳимов баъди оташ гирифтани сехи пластмассаи корхонаи кимиёвӣ натавонистанд, ки сари вақт биноро тарк намоянд. Манбаъ афзуд, миёни қурбоншудагон як шаҳрванди Ӯзбакистон низ будааст. Гуфтанист, ин чор нафар аз сабаби надоштани ҷойи зист ва дар интизори хобгоҳ муваққатан дар ҷойи корашон зиндагӣ мекардаанд.

Асрор Одинаев, раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва тафтишот идома дорад. « Пас аз расидани хабари фоҷиа, муовини раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷират Саидмухтор Мирзоев ба таври фаврӣ ба шаҳри Подолск фиристода шуд ва дар он ҷо бо мақомоти умури дохиливу тафтишотӣ, аз ҷумла, бо муфаттиши додситонӣ Артем Курушин, бо раҳбарони корхона ва бо Раҷаббой Раҳимов, падари яке аз қурбониёни ҳодиса, сӯҳбат кард»,- гуфт Одинаев.

Дар ҳоли ҳозир роҳбари корхонаи мавсум ба  «Авиатор» Сергей Каткин масрафи интиқоли ҷасадҳо ба Тоҷикистону Ӯзбакистонро ба зимма гирифта гуфтааст, ки ҷубронпулӣ аз ин ҳодисаро ба хонаводаи қурбоншудагон ироа хоҳад кард.{jathumbnail off}