баргард чоп кардан

Намояндаи махсуси президенти ИМА ба Душанбе меояд

Фиристодаи вижаи президенти Амрико оид ба Афғонистону Покистон ба Душанбе меояд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, сафир Гроссман аллакай аз Остонаву Тошканд дидан карда, тайи чанд рӯзи дигар ба Бишкек, Душанбе, Исломобод ва Кобул ташриф меорад. Дар чорчӯби сафар мулоқоти фиристодаи вижа бо мақомоти баландпояи ҳукуматӣ дар назар буда, вохӯрии ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми май сурат мегирад.