Футболбози тоҷик дар ҳайати “Динамо”-и Белорус бозӣ мекунад
Ҷаҳонгир Эргашев, футболбози тоҷик ба ҳайати тими “Динамо”-и Брести Белорус пайвастааст.
Эргашев ва се бозигари рус -- Василий Сумнакаев, Георгий Забедашвили ва Рамазон Исоев баъди анҷоми муҳлати санҷишӣ бо ин даста қарордод бастаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои Белорус, бозигари 22-солаи тоҷик дар “Динамо” ба ҳайси ҳамлагар ба майдон мебарояд.
Бошгоҳи “Динамо”-и вилояти Брести Белорус соли 1960 таъсис ёфтааст.