баргард чоп кардан

Митрополити рус дар Хуҷанд бо райиси вилояти Суғд вохӯрд

Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд бо сардори ҳавзаи митрополити Осиёи Марказӣ, ҳамзамон, узви доимии Синоди муаззами калисои масеҳии русӣ, роҳбари епархияи душанбегию тоҷикистонӣ Викентий мулоқот кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати ин вилоят иттилоъ доданд, зимни мулоқот вазъи иқтисодию иҷтимоии минтақа, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, аз ҷумла намояндагии калисои масеҳии  русӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Роҳбари епархия ва митрополити масеҳиён гуфт, ки калисои масеҳии русӣ дар вилоят беш аз 140 сол боз фаъолият намуда, дар таҳкими муносибатҳои ахлоқию маънавии ҷомеа, дӯстиву рафоқати мардуми ин сарзамини бостонӣ саҳми амиқ мегузорад. Гуфтанист, сардори ҳавзаи митрополити Осиёи Марказӣ аснои сафари худ аз минтақаи шимоли Тоҷикистон, ҳамчунин аз калисоҳои масеҳии русии шаҳрҳои Хуҷанд ва Чкалов боздид намуда, бо таклифи раиси вилоят дар чорабинии идонаи вилоятӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон иштирок намуд.{jathumbnail off}