Даргузашти Сайфуллоев, журналисти маъруфи тоҷик
Самиулло Сайфуллоев, рӯзноманигори тоҷик, собиқ сармуҳаррири ҳафтаномаи “Омӯзгор” шаби гузашта дар пайи бемории тӯлонӣ дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт.
Тавре наздикони Сайфуллоев ба “Озодагон” иттилоъ доданд, марҳум аз бемории “оденома” ранҷ мебурд ва ҳудуди ду моҳ қабл ҷарроҳӣ шуда буд: “Маросими видоъ бо Сайфуллоев, имрӯз, 5 апрел дар ноҳияи Ғончӣ дар назар аст”.
Самиулло Сайфуллоев, ки вақтҳои охир ба ҳайси муовини сармуҳаррири “Маърифати омӯзгор” кор мекард, 37 соли умрашро дар ҳафтаномаи “Омӯзгор” гузарондааст. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси тарҷумон фаъолият карда, дастурҳои методӣ ва 10 китоби бадеӣ аз эҷодиёти адибони Аврупо ва Русияро тарҷума кардааст.