баргард чоп кардан

Қонун «Дар бораи иттилоот» мавриди баррасии аъзои Шӯрои МН қарор гирифт

Таҳти раёсати райиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шўрои ин ниҳоди қонунгузор баргузор шуд.


Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони мамлакат зимниташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, дар Шўро лоиҳаҳои қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, муовини раиси кумита Убайдулло Давлатов, мудири шўъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Усмон Охунов ва дигар аъзои Шўро аз рўи масъалаҳои ба рўзномаи Шўро воридгардида суханронӣ намуда, барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани сифат ва мазмуни лоиҳаҳои қонун ва қарорҳои мазкур фикру пешниҳодҳои ҷолиб ироа доштанд.

 

Зимнан дар Шӯро таъкид гардид, ки ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ барои такмил бахшидани Кодекси мазкур мусоидат намуда, қабули қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти озоду шаффофи ВАО кўмак мекунад.{jathumbnail off}