Тоҷикистон ҳам дар Фонди алмос ва тиллои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ-“СССР” ҳиссаи худро дорад. Ин нукта дар қарори Шӯрои Олӣ, аз 9-уми сентябри соли 1991 оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон таъкид шудааст. Тибқи қарори Шӯрои олӣ аз 9-уми сентябри соли 1991, ки дар сомонаи Вазорати адлия нашр шудааст, Тоҷикистон мустақилона истихроҷ, коркард, нигоҳдории тилло, металҳои қиматбаҳо ва сангҳоро дар қаламраваш амалӣ месозад. Инчунин захираҳои худии тилло, алмос ва дигар металу сангҳои қиматбаҳоро ташкил мекунад. Дар тағйироте, ки ба моддаи 13-и Эъломия дар рӯзи эълони истиқлолияти Тоҷикистон ворид гардиданд, таъкид шудаст, ки Тоҷикистон дар захираҳои тилло ва фонди асъору алмоси СССР ҳиссаи худро дорад. Фонди алмоси СССР маҷмӯи сангу металҳои қимматбаҳо ва маҳсулоти заргарӣ мебошанд, ки аҳамияти калони таърихӣ, фарҳангӣ ва моддӣ доранд: “Инчунин хӯлаҳои табии металҳои нодирро дар бар мегирад”. Феълан арзиши дақиқи бозории ин Фонд ҳисоб нашудааст, аммо Узбакистон тайи чанд сол пойфишорӣ дошт, то маблағи Фонд ҳисоб шаваду ҳаққаш пардохт гардад. Дар пайи баҳсҳо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо имзои як қарор ба ивази даст кашидани Узбакистон аз ҳиссааш дар Фонди алмоси СССР қарзи 865 миллиондолларии Тошкандро бахшид. Тошканд аз миёни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин шуда, расман аз ҳақаш дар Фонди алмоси СССР даст кашид. Тавре “Парламентская газета” газетаи парлумони Русия менависад, аъзои Шӯрои Федератсия зимни баррасии ин масъала суол ба миён гузоштанд, ки оё дар пайи лағви қарзи Узбакистон кишварҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даъвои ҳаққи худро нахоҳанд кард? Сергей Сторчак, ноиби вазири молияи Русия посух додааст, ки “Фонди алмос-ин мероси фарҳангӣ аст ва чун “хазинаи пул” ҳеч гоҳ мавриди назар набуд. Бо такя ба ин нукта мо солҳо боз исбот карда истодаем, ки ин ҷо чизе барои тақсимкунӣ нест. Бо Узбакистон ин масъала ҳуқуқӣ ҳал шуд, бо кишварҳои дигар ин масъала дар сатҳи сиёсию дипломатӣ ба миён гузошта нашудааст”. Ба сифати далели қотеъ, ки кишварҳои дигар даъвои ҳақашон дар Фонди алмоси СССР-ро нахоҳанд кард, қарзҳои СССР дар назди Хазинаи байналмилалии асъор оварда шудаанд: “Баъди пошхӯрии СССР, вақте масъалаи пардохти қарзҳояш аз ХБА ба миён омад, ки ҳамаи кишварҳо бо ишора ба Маскав худро канор гирифтанд”. Вазорати молияи Русия он қарзҳоро ҳисоб карда, ҳамчун далели асосӣ зидди кишварҳое пешниҳод кардааст, ки мехоҳанд, ҳаққи худро аз Фонди алмоси СССР талаб намоянд. Арнолд Тулохонов, узви Шӯрои федератсия барои муътақид шудан, ки ҳеч кишваре даъвои Фонди алмоси СССР-ро нахоҳад кард, пешниҳод намудааст, ки ин Фонд ба феҳрасти мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид гарданд: “Он гоҳ суҳбатҳо дар мавриди тақсими Фонд маънӣ нахоҳанд дошт”. ВИДЕОИ Фонди алмоси СССР дар солҳои 60-уми асри гузашта, ки баъдан боз комил шудаст:
VIDEO