баргард чоп кардан

Тими «Истиқлол» пирӯз шуд, аммо «Равшан» ҳамоно пешсаф аст

Даври 38-уми бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор гардид.


Тавре аз  ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин сабқат дастаи “Истиқлол”-и Душанбе  тими ССКА “Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дод. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода  бо  “Равшан”-и Кӯлоб вохӯрда, ба ҳисоби  2 бар 0  ғалаба ба даст овард. Футболбозони дастаи “Энергетик”-и Душанбе бо бозингарони дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа қувваозмоӣ намуда бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуданд. Дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд бошад, тими “Гвардия”-и Душанберо бо ҳисоби 4 бар шикаст дод.

Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Равшан”-и Кӯлоб бо 77 имтиёз аз 34 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 73 имтиёз аз 31 бозӣ дар зинаи дуюм аст. Дастаи  “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 25 бозӣ кардааст, бо 67 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад.
Мубориза барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот миёни се дастаи пешсаф идома хоҳад кард. 
Манбаъ афзуд, нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа  Фозил Сатторов аз дастаи “Равшан” бо 20 гол дар ҷои аввал аст. Комил Саидов, бозингари дастаи ССКА “Помир” ва Габриэл Донто  аз дастаи “Энергетик” 19-голӣ  задаанд. Юсуф Рабиев аз дастаи “Истиқлол” бо 17 гол, зинаи сеюмро касб кардааст.{jathumbnail off}