баргард чоп кардан

Гумонбарон дар ғорати масҷиди мусулмонони пойтахти шимолии Русия дастгир шуданд

Пулиси Санкт-Петербурги Русия 2 нафар гумонбарро барои ғорати масҷиди мусулмонӣ ва рабудани беш аз 1,5 миллион рубли русӣ(муодили беш аз 45 ҳазор доллар) боздошт кард.


Дар ин бора аз  мақомоти тафтишотии Санкт- Петербург хабар доданд.

 

- Феълан 2 нафар аз шумули 4 гумонбарони ғорати масҷиди Санкт- Петербургро дастгир намудаем. Корҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ барои дастгир кардани  2 нафари дигар идома дорад, - гуфтаанд дар пулис.

Бино ба маълумоти манбаъи хабар, ҳангоми тафтиши яке аз манозили гумонбарон кормандони пулис 1 туфангча, 2 револвер  ва 128 тир пайдо кардаанд.{jathumbnail off}