баргард чоп кардан

Дарёфт ва мусодираи 9 килограмм нашъа дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт

Аснои баргузории амалиёти вижаи кормандони милиса дар пойтахт миқдори зиёди маводи мухаддир забту мусодира гардид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, маводи нашъадор дар манзили истиқоматии як сокини ноҳияи Шоҳмансур ошкор шудааст.

Манбаъ афзуд, дар робита ба ин қазия Тошмат Мадисоеви 37- сола, сокини шаҳри Кӯлоб, деҳаи Файзобод, хонаи 4 боздошт гардидааст. Ҳангоми кофтукови хонаи истиқоматии номбурда 9 килою 150 грамм маводи нашъадори «бангдона» дарёфт ва мусодира карда шуд. Феълан, нисбати қочоқчӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}