Вакили парлумон: Танаффуси рӯзҳои ҷумъа як соат зиёд шавад
Як намояндаи фраксияи “Онугуу-Прогресс” дар парлумони Қирғизистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнатро пешниҳод кардааст, ки зиёд кардани танаффус дар рӯзҳои ҷумъаро дар бар мегирад.
Тибқи Кодекси меҳнати Қирғизистон ба корманд давоми рӯзи корӣ барои истироҳату ғизохӯрӣ на камтар аз 30 дақиқа ва на бештар аз як соат танаффус дода шавад. Аммо вакили парлумон Тозабек Икромов пешниҳод кардааст, дар рӯзҳои ҷумъа давомнокии ин танафус на камтар аз як ва на бештар аз ду соат бошад.
Ба гуфтаи ин вакил, новобаста аз давлати дунявӣ будани Қирғизистон 85 дарсади аҳолии он пайрави дини Исломанд ва намоз мегузоранд: “Дар мақомоти давлатӣ танаффус барои хӯроки нисфирӯзӣ аз соати 13:00 то 14:00 муқаррар шудааст, ки мардум наметавонанд дар ин муддат ба масҷид рафта, ба коргоҳ баргарданд”.