Кофтукоби 94 ҷангҷӯи ҷавони тоҷик аз сӯи Интерпол
Пулиси байналмилалӣ - Интерпол бо дархости мақомоти Тоҷикистон беш аз 160 нафарро дар пайгарди байналмилалӣ қарор додааст, ки 59 дарсадашон дар зархаридӣ ва узвият дар гуруҳҳои террористӣ муттаҳам мешаванд.
Бар асоси феҳрасти афроди мавриди кофтукоб, ки бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар сомонаи расмии Интерпол нашр шудааст, 57 ҷавони тоҷик дар зархаридӣ муттаҳам мешаванд. Инчунин мақомоти Тоҷикистон 37 нафарро дар узвият ба гуруҳҳои террористӣ айбдор мекунанд.
Бар асоси феҳрасти нашркардаи Интерпол аз 94 нафаре, ки дар зархаридӣ ва узвият дар гуруҳҳои террористӣ айбдор мешаванд, ҳудуди 90 дарсадашонро ҷавонони 18-30-сола аз навоҳии Рашт, Ванҷ, Рӯдакӣ, Душанбе ва Суғду Хатлон ташкил медиҳанд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон моҳи гузашта эълон карда буд, ки дар сафи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия 1 ҳазору 94 тоҷикистонӣ меҷанганд, ки аксарашон пайрави ҷараёни Салафия мебошанд. Ӯ афзуд, аз миёни тоҷикистониёне, ки феълан дар Сурияю Ироқ меҷанганд, 400 нафарашон аз вилояти Хатлон, 272 нафар аз Суғд, 254 нафар аз навоҳии тобеи марказ, 139 нафар аз Душанбе ва 26 нафарашон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мебошанд.