баргард чоп кардан

ВМ: Нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ҳудуди 85 дарсад иҷро шудааст

Аз даъвати шаҳрвандон ба сафҳои қувваҳои мусаллаҳ 39 рӯз сипарӣ гардида, иҷрои нақшаи даъват ба 84% расидааст.


Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи дафтари матбуоти вазорати мудофиа ба хабаргузории «Озодагон» хабар дод, аз оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ комиссияҳои даъватии шаҳру навоҳии мамлакат вобаста ба талаботи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ба нишондиҳандаҳои мусбӣ ноил гардидаанд. Ба қавли ӯ, аллакай се ноҳияи вилояти Суғд -Зафаробод, Шаҳристон ва Табошар аз иҷрои пураи нақшаи даъват гузориш доданд ва дар дигар шаҳру навоҳии вилоят бошад, даъвати шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ аз 70 дар сад боло аст. Дар худи вилоят бошад иҷрои нақшаи чорабиниҳои даъватӣ ба 81,2 % расидааст.

Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон аз теъдоди умумии 25 шаҳру навоҳии тобеи вилоят 15 ноҳия аз иҷрои пурраи чорабиниҳои даъватӣ гузориш доданд ва дар худи вилоят бошад, иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ 92%-ро ташкил медиҳад. Дар вилояти МКБ аз шумораи умумии 8 навоҳӣ аллакай 6   минтақа аз иҷрои нақшаи даъват гузориш доданд  ва дар вилоят иҷрои нақшаи даъват 96,6 фисадро ташкил медиҳад. Дар комисариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 77,3 %-ро дар бар гирифта, дар ин минтақа ноҳияи Тавилдара ва шаҳри Роғун нақшаи даъвати ҳарбиро ба пуррагӣ иҷро намудаанд. Дар 4 ноҳияи пойтахт бошад ҷараёни чорабиниҳои даъватӣ 72,7 дар садро ташкил медиҳад. Манбаъ афзуд, ки аз оғоз то имрӯз дар давоми 39 рӯзи ҷараёни даъвати ҳарбӣ иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 84 %-ро ташкил медиҳад.