баргард чоп кардан

Пирӯзии варзишгарони навраси тоҷик дар Русия

Варзишгарони тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо 4 медали тилло ба ватан баргаштанд.


Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯи маркази матбуоти кумитаи миллии олимпӣ ба «Озодагон» гуфт, дар пойтахти шимоли Русия тайи се рӯз мусобиқаи байналмиллалӣ дар намуди гӯштини «юнону румӣ» баргузор шуд, ки дар ин сабқат варзишгарони 7 кишвар иштирок доштанд. Дар чорабинии мазкур Тоҷикистонро 6 нафар варзишгари наврас муаррифӣ намуда, ҳунари худро нишон доданд.

Ба иттиллои манбаъ, варзишгарони тоҷик аз ин мусобиқаи бонуфуз 4 медали тилло, 1 нуқра ва 1 нишони биринҷӣ ба даст оварданд. Ҳусейн Саидов дар вазни 29 кило, Довуд Тошев дар вазни 35 кило ва Абубакр Ҳусейнов дар вазни 47 кило барандаи медали тилло шуданд. Аҳмад Каримов бошад, дар вазни 42 кило аз рӯи ду намуди варзишӣ баромад намуда, 1 медали тилло ва як нуқра ба даст овард. Эҳсон Абдураҳмонов мақоми севвум ва соҳиби нишони биринҷии мусобиқот гардид.