Шарҳи расмии “разбор”-и маргбори тоҷикону қафқозиҳо дар Маскав
Сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки дар муноқишаи тоҷикон бо қафқозиҳо як ҷавони тоҷик кушта шуда ва як нафари дигар захмӣ шудааст.
Тибқи иттилои сафорати Тоҷикистон, ин задухӯрд шоми 19 апрел дар шаҳри Маскав миёни тоҷикон ва шаҳрвандони қафқозтабори Русия рух додаст: “Дар пайи муноқиша шаҳрванди Тоҷикистон Шоимов Рамазони 24-сола, зодаи ноҳияи Ёвон, аз зарби корд ба ҳалокат расида, ҷавони дигари тоҷикистонӣ, Сармонов Рӯзибек Бойназарович бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхонаи Склифасовский бистарӣ шудааст”.
Манбаъ афзуд, кормандони Сафорат ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо муфаттишони қазия мулоқот карда, муайян намудаанд, ки феълан ду муттаҳам дар ин ҷиноят дастгир шудаанд.
Намояндаҳои расмии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз ҳоли Рӯзибек Сармонов дар беморхона хабар гирифтаанд: “Айни замон шаҳрванди маҷруҳшудаи Тоҷикистон аз табобати лозимиро гирифта истодааст”.
Қаблан манобеи “Озодагон” хабар доданд, ки задухӯрд дар минтақаи Брилёвои Маскав баъди он сар задааст, ки қафқозиҳо аз Рамазон Шоимов маблағ талаб кардаанд: "Аммо ӯ саркашӣ карда, Сармоновро ба кӯмак даъват мекунад. Ин муноқиша бо кордзанӣ анҷомидааст".

Дар акс Рӯзибек Сармонов