Вазорати дифоъ: 62%-и нақшаи даъват иҷро шуд
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 62 дарсади нақшаи баҳории даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хабар дод.
Аз дафтари матбуотии ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки давоми 20 рӯзи даъват ба сафи артиш иҷрои нақша дар вилояти Суғд 61%, Хатлон 72%, ВМКБ 75%-ро ташкил медиҳад.
Навоҳии тобеи марказ 57% ва чор навоҳии пойтахт 38%-и нақшаро иҷро кардаанд.
Тибқи иттилои Вазорати дифоъ ноҳияҳои Мастчоҳ ва Истиқлоли вилояти Суғд дар аввалин рӯзҳои даъват аз иҷрои нақша хабар додаанд: “Ноҳияҳои Сарбанд, Балҷувон, Носири Хусрав, Дарвоз ва шаҳри Қӯрғонтеппа низ нақшаро пурра иҷро кардаанд”.
Даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири май идома хоҳад ёфт.