Ҳалокати марди 58-сола зери қатори “Маскав-Душанбе”
Қатори хатсайри “Маскав-Душанбе” шоми 20-уми апрел як сокини 58-солаи пойтахти Тоҷикистонро зер кардааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон нохушии маргбор тақрибан соати 17:20 дар километри 4679-ум рух додааст: “Қатор, ки таҳти идораи сокини 46-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва ёрдамчии ӯ, сокини 29-солаи ноҳияи Ҳисор қарор дошт, марди 58 сола, сокини шаҳри Душанберо, ки қад-қади роҳи оҳан роҳ мерафтааст, зер кардааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа сокини пойтахт ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.