Стратеги №1: Дар харитаи сиёсии “Давлати исломӣ” Тоҷикистон як ноҳияи хилофат пешбинӣ шудааст
Худойбердӣ Холиқназар, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон аз роҳҳои наву пуртаъсири таблиғи гуруҳҳои ифротӣ дар кишвар ҳушдор додааст.
Ӯ мегӯяд раванди пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони “Давлати исломӣ” роҳҳои нави таблиғу ташвиқи андешаҳои худро миёни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Оқои Холиқназар дар як суҳбати ихтисосӣ бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, маҳз ҳамин равиши таблиғотии соддаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи байналмилалии гуруҳҳои ифротгароӣ ба ҳисоб меравад: “Идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, пеш аз ҳама, бар зидди идеологияи миллӣ, Ватани аҷдодӣ, истиқлолияти давлатӣ ва мардуми мо равона шудааст”.
Раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ дар бораи тарҳ ва харитаи сиёсии ба ном “Давлатӣ исломӣ” ва дигар гуруҳҳои ифротӣ ибрози назар намуда, гуфтааст, дар он харита Тоҷикистон ҳамчун як ноҳияи хилофати ин гуруҳ пешбинӣ шудааст: “Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гуруҳҳои ифротии динии имрӯза, ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол шуда, ба таркиби “хилофати ягонаи исломӣ” дохил гарданд ва ҳамчун як ноҳияи “хилофат” ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмоннишинро эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар таркиби “хилофат”-и худ маҳв менамоянд. Ин тарҳ ва ин андеша дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, низомномаҳо ва маводи таблиғотии гуруҳҳои ифротии динӣ ба таври расмӣ, дақиқ ва возеҳ ифода шудааст. Созмони ифротгарои “Давлати исломӣ” бошад, харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро дар расонаҳо ҳамаҷониба паҳн ва таблиғ мекунад. Агар ба ин харита нигарем, дар он ягон давлати мустақил вуҷуд надошта, тамоми минтақаҳо ва давлатҳои мусулмоннишини ҷаҳон, аз ҷумла, давлати мустақили мо, ҳамчун вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ин хилофат пешбинӣ ва нишон дода шудаанд”.
Ӯ яке аз муҳимтарин барномаҳои гуруҳҳои ифротиро аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон унвон карда, гуфтааст: “Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гуруҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мешавад. Яъне, ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, барои амалӣ шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ хоини Ватан ва миллат мешавад”.
Ин таъкиди Худойбердӣ Холиқназар дар ҳолест, ки моҳи декабри соли сипаришуда низ ӯ дар як мизи гирд дар шаҳри Душанбе таъкид карда буд, ҷалби бештари ҷавонон ба созмони террористии “Давлати исломӣ” тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад ва сайтбандиҳо дар Тоҷикистон як таҷриба алайҳи ин раванд мебошад.
Ба омори расмӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия меҷанганд, аз 1000 нафар бештар аст.