Сокини Турсунзода дар задани 17 корд ба бадани як зан муттаҳам мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 25-солаи шаҳри Турсунзода бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дастгиршуда 25 апрел, тахминан соати 13:10, вориди манзили зани 31-солаи шаҳри Турсунзода шуда, дар пайи муноқишаи ба миён омада, бо корд 17 маротиба ба узвҳои бадани ӯ мезанад: “Дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст”.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.